ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Сиёсатмадори Литва ва нахустин раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Литва дар солҳои 1990-1992 Витаутас Ландсбергис ба қонунӣ будани вуҷуди Русия ҳамчун кишвар шубҳа кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Delfi.
Вай хабари тасмими Додситонии куллии ФР дар бораи баррасии муроҷиъати вакилони "Русияи воҳид" мабнӣ ба қонунӣ будани эътирофи истиқлолияи кишварҳои соҳили Балтика аз сӯйи Шӯрои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991-ро шарҳ дод.
Сиёсатмадор муътақид аст, ки Русия аз ин роҳ мехоҳад осебпазирии кишварҳои Балтикаро санҷад.
"Агар мо чандон закӣ набошему нигаронӣ нишон бидиҳему даъво кунем, ки мо ҳаққ ҳастем, дар он сурат онҳо дарк мекунанд, мавзӯъ баҳсталаб аст", — иқтибос овард аз суханони Ландсбергис Гордон.
Вай изҳор дошт, ки "сиёсатмадорони мо метавонистанд ба додситонии Литва дар бораи қонунӣ будани Русия муроҷиъа кунанд. Зеро, бо эҳтимоли зиёд, Русия ғайриқонунӣ аст — ин кишвар салтанати шоҳиро барканор карда фарзандони ӯро ба қатл расонид, пас ин чӣ кишварест?".
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 ба унвони ниҳоди муваққати раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда буд.
Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои давлатӣ истиқлолияти кишварҳои соҳили Балтика — Латвия, Литва ва Эстония эътироф шуда буд. Вале ба Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ислоҳот ворид карда нашуда буд. Ҳамчунин қонуни соли 1990 дар бораи ихроҷи ҷумҳурияҳои шӯравӣ аз ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ нақз шуда буд — дар ин кишварҳо ҳамапурсӣ баргузор нашуда мӯҳлат барои ҳалли масоили баҳсталаб муқаррар нашуда буд.
Дар соли 1990 Литва ба унвони нахустин ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро эълом карда буд.