Имзои қонун дар бораи ҷаримаҳои интисоби муҳоҷирони бидуни тахассус

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПулис риояи муқаррароти муҳоҷиратро бозрасӣ мекунад. Акс аз бойгонӣ
Пулис риояи муқаррароти муҳоҷиратро бозрасӣ мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корфармоёне, ки муҳоҷиронрои бидуни тахассуси дар муҷавиз зикршуда ба кор интисоб мекунанд ҷаримаҳои бузург интизор буда худи муҳоҷирони кории хориҷӣ аз кишвар ихроҷ мешаванд.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки муҷозоти маъмурӣ барои ҷалби муҳоҷирони кории бидуни тахассуси дар муҷаввиз зикршударо дар назар дорад, хабар медиҳад маркази матбуотии ИФМ.

Тибқи ин қонун, интисоби муҳоҷирон ба кор бидуни тахассуси дар муҷҷавизи кор зикршуда бо ҷаримаи маъмурӣ муҷозот мешавад.

Дар маркази матбуотии ИФМ зикр карданд, ҳарчанд бо содда кардани шароити қонунӣ шудани фаъолияти муҳоҷирон корӣ, бархе аз атбоъи хориҷӣ қавонини Русияро нақз мекунанд. Муҳоҷирон тибқи тахассусе, ки дар муҷаввизашон зикр шудааст, кор мекунанд. Ба унвони мисол, зикр шудааст, ки андовачӣ аст, вале ба унвони боркаш кор мекунад.

"Ҳамакнун чунин муҳоҷирони "фаромӯшхотир" ва корфармоёни онҳоро ба таври маъмурӣ муҷозот ва ҷарима мекунанд. Хориҷиёне, ки сареъан ИФМ Русияро дар бораи тағйири тахассуси худ огаҳ накардаанд "бо рубл" ҷазо медиҳанд!",- омадааст дар хабар.

Қаблан гузориш шуда буд, ки барои ҷалби муҳоҷирони бидуни тахассус тарҳи қонун ҷаримаи аз ду то панҷ ҳазор рублӣ пешбинӣ мекунад.

Маблағи ҷарима барои корфармоён аз 25 то 50 ҳазор рубл пешбинӣ шуда буд. Барои нафарони масъул аз 250 ҳазор то 800 ҳазор рубл ҷарима ё ҷазои маъмурии қатъи фаъолият то 90 шабонарӯз пешбинӣ шуда буд.

Худи муҳоҷиронро ба гунаи шаҳрвандон аз ду то ҳафт ҳазор рубл ҷарима мешаванд. Ҳамчунин ин афродро ихроҷ аз кишвар интизор аст.
Ба иттилоъи ИФМ Русия дар 6 моҳи соли ҷорӣ як миллион муҷҷавиз таҳия ва пешниҳод шуда ба будҷа ҳудуди 10,5 миллиард рубл ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ, аз соли 2010 бад ин сӯ беш аз 6,5 миллион муҷҷавизи кор ироъа шудааст, ки ба будҷа ҳудуди 45 миллиард рубл ворид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0