ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Интизор меравад, то охири соли равон нархи нерӯи барқ барои истифодабарандагон дар Тоҷикистон то 12% боло равад, менависад ОИ Tojnews.
Ба иттилоъи манбаъ, вазорати рушди иқтисод ва савдо пешбинӣ кардааст, ки дар дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2015-2016 нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон то охири соли равон то 12% боло рафта, 14 дирам барои 1 кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
"Тибқи дурнамои мазкур дар соли 2016 низ раванди болоравии нархи нерӯи барқ идома ёфта, нархи 1 кВт/соат то 6,8% зиёд мешавад. Ба ин тартиб нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар соли равон 12% ва дар соли 2016 — 6,8% баланд хоҳад шуд",- меафзояд сарчашмаи хабар.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ширкати "Барқи тоҷик" гуфтаанд, тасмими боло бурдани нархи нерӯи барқро надоранд, масъалаи баланд кардани арзиши истифодаи он дар ин ниҳод барои соли 2015 ҳоло баррасӣ нашудааст.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории Тоҷнюс сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ илова кардааст, ки "баланд кардани нархи нерӯи барқ танҳо бо розигии Хадамоти зидиинҳисорӣ сурат мегирад ва боло бурдани арзиши барқ барои соли равон ҳоло дар назар гирифта нашудааст".
Бори ахир нархи тарифҳои барқ як сол пеш, 1-уми июли соли гузашта то 15% гарон ва нархи 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 11 дирам то 12,6 дирам баланд шуда буд.