Акаев: маро вазорати хориҷаи ИМА барканор кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАскар Ақаев. Акс аз бойгонӣ
Аскар Ақаев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари собиқи Қирғизистон дар мусоҳиба дар бораи навҳаи барканориаш аз мақом, далоили адами комёбиҳо дар фаъолияти иқтисодӣ ва сиёсӣ қисса карда дурнамоии феълии кишварашро матраҳ кард.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Амали тағйири ҳукумат дар Қирғизистон дар соли 2005 аз сӯйи мақомоти ИМА тарҳрезӣ шуда буд, изҳор дошт дар мусоҳиба бо Радиои Аазаттик раиси ҷумҳури собиқ Аскар Акаев.

"Амрикоиҳо рӯшан изҳор доштанд, ки инқилобро таҳия мекунанд, сафири ИМА Стивен Янг ҳатто номаеро унвонии вазорати хориҷаи Амрико бо пуштибонӣ аз мухолифон мунташир кард", — хабар дод вай ба расона.

Раиси ҷумҳури собиқ дар сӯҳбат бо Азаттик дар бораи далоил адами комёбӣ дар тарҳҳои зиёди иқтисодӣ дар солҳои раҳбарияш изҳори назар кард. Ба гуфтаи вай, далели аслӣ ба сатҳи пойини ҳирфагии раҳбарон марбут буд, ки ба низоми иқтисодӣ шӯравӣ одат карда буданд.

Заволи иқтисодӣ ва муҳоҷирати оммавии кории он солҳоро Акаев ба адами захойири табиъйӣ дар кишвар марбут дониста ҳамзамон ба мақомоти феълӣ машварат медиҳад, ки ба сарчашмаҳои оби ошомиданӣ таваҷҷӯҳ кунанд, зеро ин сарват дар қарни ХХI колои калидӣ мешавад.

Зимни шарҳи нобарориҳо дар сиёсат Ақаев гуфт, ки танҳо аз интиқоли ғайриқонунии қудрат нигарон буд, зеро ҳадаф дошт, ки тирамоҳи соли 2005 интихоботи мардумии раиси ҷумҳур баргузор шавад. Вале инқилоби моҳи март, ба гуфтаи вай, Қирғизистонро аз чунин шароит маҳрум сохт.

Раҳбари собиқи кишвар ба раҳбарони оянда машварат дод, ки Қирғизистонро ба масири рушди демократӣ баргардонида ба омӯзиши ҷавонон таваҷҷӯҳи вижа ихтисос бидиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0