Дар ММТ имтиҳоноти дохилшавӣ шурӯъ гардиданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИмтиҳоноти дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳоноти дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол теъдоди умумии довталабони сабтиномшуда бештар аз 73 ҳазор нафар аст, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бошад, дар 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар 41 маркази имтиҳонӣ баргузор мегарданд.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз, якуми июл дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути низоми тестӣ дар Маркази миллии тестӣ оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад сомонаи ММТ.

"Аз 41 маркази имтиҳонӣ дар 36-тои он раванди имтиҳонсупорӣ шурӯъ гардида, то 12 июл идома хоҳад кард",- меафзояд манбаъ.

Бино ба қавлисухангӯи Маркази миллии тестӣ Ситорабону Назарова,  дар рӯзи аввал 11 ҳазору 130 довталаб аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ имтиҳон месупоранд.

Имсол теъдоди умумии довталабони сабтиномшуда бештар аз 73 ҳазор нафар аст. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар 41 маркази имтиҳонӣ баргузор мегарданд. Тибқи низоми муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиҳонҳои тестӣ дар ду давр — имтиҳони умумӣ (қисми А) ва имтиҳони ихтисос (қисми Б) гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, имтиҳони такрорӣ созмон дода мешавад, ки дар он танҳо афроде, ки аз 20 то 30 июн аз қайд мегузаранд ва онҳое, ки бо сабабҳои узрнок натавонистанд дар имтиҳонҳои асосӣ иштирок кунанд, иҷозат дода мешавад. Хулосаи  имтиҳонҳои тестӣ тавассути низоми балҳо арзёбӣ гардида, натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 500 балл мебошад.

Лентаи хабарҳо
0