ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Пойгоҳи "Русия барои ҳама" замимаи мобилӣ барои худомӯзии забони русӣ, таърих ва қавонини Русия аз сӯйи шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҳия кардааст, хабар медиҳад расонаи интернетӣ.
Атбоъи хориҷие, ки дар ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба Русия меоянд дар бархе маворид барои донишомӯзӣ бо мушкилоте рӯбарӯ мешаванд. Ҳамакнун онҳо метавонанд аз заимаи ройгони мобилӣ, ки барои таҷҳизоти мобилии дорои барномаи Android 1.6 ва бештар аз он пешбинӣ шудааст, истифода кунанд.
Замимаи ройгонро аз ин ҷо метавон дарёфт кард.
Дарсҳое, ки аз онҳо дар ин замима истифода мешавад, аз сӯйи устодони беҳтарин донишгоҳҳои Русия таҳия шуда комилан ба барномаи санҷишоти муҳоҷирон мутобиқ карда шудааст.
Боз як афзалияти ин замима чандрасонаӣ будани он аст: куллияи дарсҳо ба забони русӣ ва забони модарӣ сабт шуда бо аксҳои фаҳмо ороиш ёфта бо шароити худсанҷишии донишҳои бардошта муҷаҳҳаз шудаанд. Кумиссиюни рушди равобити ҷамъиятӣ барои пуштибонии ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар таҳияи ин замима кӯмак кардааст, эълом карда, ки ҳамкорӣ бо пойгоҳи "Русия барои ҳама"-ро идома медиҳад. Интизор меравад дар зудтарин фурсат замимаи мобилӣ барои шаҳрвандони Қирғизистон низ таҳия шавад.