Ҳукумат хост санҷишҳои беасос кам шаванд

© Sputnik / Амир ИсаевБозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ
Бозори Корвон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар зимни ҷаласаи ҳукумат, ки 30 июн дар Душанбе барпо шуд, лоиҳаи ҷадиде барои баррасӣ ба парлумон ирсол гардид, ки санҷишҳои субъектҳои хоҷагидориро кам мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи худ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави қонунеро тасдиқ кардааст, ки ҳадафи он пешгирӣ аз санҷишҳои беасос, дурудароз ва такрории соҳибкорон аз ҷониби мақомот мебошад, менависад сомонаи президент.

Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи ҳукумат барои тағйирот ба қонуни “масъулияти падару модар”

"Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рўз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рўз, барои субъектҳои хурд 2 рўз муқаррар гардидааст", — менависад сомона.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари лоиҳаи қонун "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" инчунин лоиҳаи тағйирот ба қонун "Дар бораи иҷозатдиҳӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Инчунин дар ҷаласаи ҳукумат аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оиларо тасдиқ намудааст.

Баъди тасдиқи ин ҳайат, нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 ва Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шудааст.

Дар идомаи маҷлис Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон, нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар кишвар барои солҳои 2015 —2018, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетика барои солҳои 2015-2020, қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президенти Тоҷикистон, тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, баррасӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0