Ҳамакнун ба ронандаҳои сархуш дар Русия ду соли зиндон таҳдид мекунад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкФаъолияти пулиси роҳи Калининград бо истифода аз таҷҳизоти вижа
Фаъолияти пулиси роҳи Калининград бо истифода аз таҷҳизоти вижа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ислоҳи қонуни ҷазои Русия муҷозот барои сарпечии такрорӣ аз бозрасии пизишкии ронандаҳоро, ки қаблан низ барои ҷурми мушобеҳ ҷазои маъмурӣ гирифта буд, ташдид мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи тағйироти ҷадиди Қонуни ҷиноии Русия аз 1 июл ронандаҳое, ки муҷаддадан ба ҳангоми сархушӣ зимни идораи василаи нақлиёт боздошт мешаванд, ду соли зиндон интизор аст, менависад РИА Новости.

Бо истинод ба муъовини раиси раёсати пулиси роҳи ВКД Русия Александр Биков хабар дода мешавад, ки муҷозоти ронандаҳо дар сурати кушта шудани пиёдагардон ба ҷурми ронандаҳо низ ташдид шудааст.

"Ҳамакнун мизони маҳрумият аз озодӣ на камтар аз ду ва ё чаҳор сол вобаста ба сангинии пайёмадҳои тасодум мешавад", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Биков.

Дар миёни навовариҳои дар қонуни ҷазои ФР ҳамчунин ташдиди муҷозот барои сарпечии муҷаддад аз бозрасии пизишкӣ аз сӯйи ронанда, агар қаблан низ вай бо ҷурми мушобеҳ ҷазои маъмурӣ гирифта бошад, пешбинӣ шудааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, Биков ҳамчунин изофа кардааст, ки муттаҳам аз рӯзе муртакиби ҷароим дониста мешавад, ки тасмими расмӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунад, аммо ба унвони мисол агар мӯҳлати соқит донистани муҷҷавиз анҷом ёфтаву ҷарима пардохт нашуда бошад, мӯҳлати ҷазо дар тӯли як соли баъд аз лаҳзаи пардохти ҷарима ҳисобида мешавад, на мӯҳлати анҷоми ҷазо.

Лентаи хабарҳо
0