Назарпурсӣ: ба ИА артиши худӣ зарур аст?

Обуна шудан
Тибқи назарпурсии "Sputnik.Мнения", ки аз сӯйи ширкати пажӯҳишии бритониёии ICM Research барои хабаргузории байналмиллалии Sputnik дар Бритониё, Фаронса ва Олмон анҷом дода шудааст - сеяки пурсидашудагон бар ин назаранд, ки ИА бояд артиши худӣ дошта бошад.

Теъдоди бештари ҷонибдорони дифоъи кишвари худ тавассути артиши худӣ дар Фаронса аст (37%). Ҳудуди ними пурсидашудагон дар Олмон (47%) ва Бритониё (48%) ҷонибдори ҳузури нерӯҳои НАТО дар кишвар ҳастанд ва дар ҳамин ҳол дар Олмон ҷонибдорони ҳимояи кишвари худ тавассути артиши миллӣ зиёд аст (36%).

Назарпурсӣ аз сӯйи ширкати ICM Research барои хабаргузории Sputnik дар чаҳорчӯби тарҳи Sputnik. Мнения аз 1 то 4 моҳи май соли 2015 дар Фаронса, Бритониё ва Олмон баргузор шудааст. 4096 нафар пурсида шуданд (2005 нафар дар Бритониё, 1041 нафар дар Фаронса ва 1050 нафар дар Олмон). Интихоби пурсидашудагон тибқи ҷинсият, география ва синну сол сурат гирифтааст.

Мизони эътимод барои кишвар +/-3,1% зимни эътимодбахшии эҳтимолии 95% аст.

Лентаи хабарҳо
0