ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бомдоди 30-юми июн Муҳаммадҷон Умаров, мутарҷими Қуръон ва "Саҳеҳи Бухорӣ" ба забони тоҷикӣ дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт, менависад хабаргузории TojNews.
Умаров вақтҳои охир аз дарди гурда ранҷ мебурд. Вай аз соли 1988 инҷониб ба тарҷумаи осори динӣ машғул буда, аз ҷумла Қуръони Каримро, ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Намози ҷанозаи марҳум асри имрӯз — 30-юми июн дар масҷиди Сари Осиёи пойтахт баргузор мешавад.
Чун намунаи корҳои Муҳаммадҷон Умаров метавон аз таҳияи матни тарҷумаи форсии китоби муқаддаси "Қуръон", мутааллиқ ба Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ-"Фатҳу-р-раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон" (дар маҷаллаи "Илм ва ҳаёт" солҳои 1992-2005 чоп шуда), тарҷумаи "Ҳафтяки Қуръони маҷид", тарҷума ва тафсири "Ҳафтяки шариф" аз "Тафсири Ҳусайнӣ", тарҷумаи Қуръони Карим ба забони адабии тоҷикӣ (Душанбе 2007 ва нашри нав 2011), тарҷумаи матни комили "Саҳеҳ"-и Имом ал-Бухорӣ (дар шаш ҷилд, дар ҳамкорӣ бо Ф.Бобоев. чор ҷилди он то имрӯз чоп шудааст, ном бурд.
Муҳаммадҷон Умаров 15-уми январи соли 1950 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омада, мактаби миёнаи №53-и пойтахтро хатм намудааст. Соли 1967 ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шуда, соли 1972 онро хатм мекунад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1972 дар Саридораи Энсиклопедияи Шӯравии тоҷик оғоз намуда, аз соли 1978 дар Инситути шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кори илмӣ-тадқиқотӣ мегузарад ва то ҳол дар ҳамин даргоҳ ифои вазифа мекунад. Дар ин миён солҳои 1973-1975 ва 1982-1985 дар кишварҳои арабӣ дар лоиҳаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи тарҷумони забони арабиро бар ӯҳда дошт.
Муҳаммадҷон Умаров дар баробари кору фаъолият дар Институт солҳои 1986-1996 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва солҳои 1996-2007 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа аз забони арабӣ ва таърихи динҳои ҷаҳон дарс гуфтааст.