ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Зилзила дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро сокинони Ӯзбекистон ва Ҳинд низ эҳсос кардаанд, хабар медиҳад сомонаҳои "Гурӯҳи зилзилашиносии Қазоқистон" ва "Идораи геологии ИМА".
Зилзила шаби 30 июн дар шимолу шарқи Афғонистон дар вилояти Бадахшон дар наздикии марз бо Тоҷикистон (дар ҳаволии шаҳри Хоруғ) соати 03:07 ба вақти Душанбе рух дод.
Хабар дода шудааст, ки шиддати зилзила дар маркази он 5,9 дараҷа аз рӯйи ҳисоби MPY дар умқи 100 километрӣ ва нерӯмандии зилзила 12,6 буда дар бораи хисороти он гузориш нашудааст.
Эҳсоси зилзила дар Ӯзбекистон низ мушоҳида шудааст. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ шиддати зилзила дар Тошканд 2 дараҷа будааст.