Нотаи Тоҷикистон ба матлаби “Аргументы и Факты”

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муаллифи матлаби нашрия навшитааст, ба далели ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон “хонахез” ба Русия мераванд, бояд бо ин кишвар низоми раводид ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи муаллиф, танҳо бо ин роҳ имкон дорад, ки мушкили муҳоҷират ҳал гардад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба матлаби "Страна гастербайтеров" (Кишвари гастербайтерҳо) —и нашрияи русии "Аргументы и Факты" нота ё худ Ёддошти эътирозӣ фиристодааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

Масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин ёддошт аз нашри чунин матолиби таҳқиромез дар яке аз нашрияҳои Русия шадидан ибрози нигаронӣ карда, гуфтаанд, чопи ин гуна матлаб ҷавобгӯи руҳияи ҳамкории стратегӣ миёни Русия ва Тоҷикистон нест.

Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, дар нотаи ВУХ, аз ҷониби Русия "қотеона талаб шудааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳолат ва нашри чунин матолиби дур аз ҳақиқату таҳқиромез дар оянда иқдомоти муассир бигирад".

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала бо масъулини нашрияи "Аргументы и Факты" ва сафорати Русия дар Душанбе ҳам гуфтугӯ ва мулоқот кардаанд, ки дар пайи он матлаби мазкур ҳазф шудааст, омадааст дар сомона.

Нашрияи "Аргументы и Факты"-и Русия рӯзи 26 июни соли ҷорӣ дар матлабе бо номи "Страна гастербайтеров" (Кишвари гастербайтерҳо) вазъи Тоҷикистонро ба тамасхур кашида, аз мақомоти Кремл хост, миёни Тоҷикистон ва ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0