ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми гуруҳии мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон аз тими мизбонон бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт, менависад сомонаи ФФТ.
Ин бозӣ 25 июн доир шуд. Дар қисми аввали бозӣ, дар дақиқаи 26-ум Рамз Амрохонов, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳисобро боз кард. Вале, Бортай, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 40+2 ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаро ба дарвозаи футболбозони навраси тоҷик Таласбоев дар дақиқаи 80+7 зад.
Сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон менависад, ин мағлубияти наврасони тоҷик дар пайи худсарии довари бозӣ иттифоқ афтодааст.
Дар бозии дигари гуруҳи "А" рӯзи панҷшанбеи 25 июн мунтахаби Испания тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Ба ин тартиб, мунтахаби Испания бо 9 имтиёз дар гурӯҳи "А"мақоми аввалро касб кард. Дастаи мизбон — Қазоқистон — бо 6 имтиёз дувум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон 22 июн дар нахустин даври ин мусобиқа аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашта, 23 июн дар даври дуюм бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омада буд.
Ба гурӯҳи "В" дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомил буданд. Дар ин гуруҳ дастаҳои Озарбойҷону Гурҷистон 7-имтиёзӣ гирифтанд, таносуби тӯбҳояшон низ баробар аст — 4-1.
Ҳамин тариқ, ғолибони гуруҳҳо — Испания ва Озарбойҷон — ба бозии ниҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 26 июн баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош хоҳанд кард. Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз идомаи мубориза барои медалу ҷоизаҳои молӣ маҳрум гашт, барои ҷойҳои 5-6-ум имрӯз, 26 июн, бо дастаи Русия-2 вориди рақобат мешавад.
Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, 6 ҳазор доллар ва ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.