ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ташвишовар аст, ки "Давлати исломӣ" дар Афғонистон худро озод ҳис мекунад, "Толибон" бошанд қисмате аз кишварро таҳти назорат доранд, гуфт президенти Русия Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе, менависад сомонаи Кремл.
Путин дар мулоқот бо Ҳомид Карзай, собиқ президенти Афғонистон гуфтааст, ки "ҳоло шоҳиди равандем, ки моро хеле нигарон кардааст".
"Толибон фаъолона амал карда, қисмати умдаи ин кишварро ва чандин нуқтаҳои сарҳадиро зери назорат доранд, аз 34 вилояти Афғонистон дар 25-тои он ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" фаъол шудаанд",-қайд кард президенти ФР.
Райисҷумҳури Русия ба ин назар аст, ки "Давлати исломӣ" хеле фаъолона дар Афғонистон амал мекунад, ҳатто ба худ хеле эътимод доранд, ки ин бештар нигаронкунанда ва ҳушдордиҳанда мебошад.
Ҳомид Карзай дар навбаи худ гуфт, "Давлати исломӣ" ҳеч иртиботе ба Афғонистон надорад: "Онҳо барои мо бегона буда, бидуни шубҳа аз берун кӯмак мегиранд".
"Дарвоқеъ онҳо барои Афғонистон омода нашудаанд, онҳо аз Афғонистон ҳамчун пойгоҳи ҷаҳиш ва паҳн шудан ба минтақа истифода мекунанд", — иброз доштааст собиқ президенти ДИА.
Нигаронии Русия дар ҳолест, ки ҳамлаҳои гурӯҳҳои ҷангҷӯи Толибон аз моҳҳои апрел ва май инҷониб дар шимоли Афғонистон густурда шуда истодааст. Аз ҷумла, дар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистону Туркманистон, ки сарҳади ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дониста мешавад.