ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Вакилони халқии шаҳри Қайроққум хостори иваз кардани номи ин шаҳр ба Ориёкант шудаанд, менависад хабаргузории "Озодагон".
Хабаргузорӣ бо такя ба дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки масъалаи тағйири номи Қайроққум ба Ориёкант дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқии шаҳр (даъвати панҷум) баррасӣ шуда, вакилон ҳадафи тағйири номи шаҳрро рамзи бозгашт ба асли хеш хондаанд.
Каромат Қосимова, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқии шаҳр доир ба масъалаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, гуфтааст, доир ба иваз кардани номи шаҳр пешниҳоду дархостҳои шифоҳӣ ба комиссияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ворид шуда, хулосаи он ба мақомотҳои болоии дахлдор пешниҳод гардида буд.
"Бо такя ба хулосаҳо ва дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карда шудааст, ки шаҳри Қайроққум — Ориёкант номгузорӣ шавад", — омадааст дар хабар.