ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо назардошти гармои шадид, аз саломатии сокинони кишвар дар ташвиш шуда, ниҳодҳои худро барои омӯзиши вазъ дар манотиқи кишвар муваззаф кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".
"Аз як тараф гармои ҳаво ва аз тарафи дигар моҳи Рамазон, ки нӯшидани об барои рӯзадоронро давоми рӯз номумкин медонад, ба вазъи саломатии сокинон таъсир мерасонад", — гуфтааст Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.
Ба ин далел вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ниҳодҳои худ дар вилоятҳо супориш додааст, ки вазъи саломатии мардумро биомӯзанд ва ба вазорат гузориш диҳанд.
Наврӯз Ҷаъфаров афзудааст, бо шурӯъи гармои тобистон, то ҳол ба бемористонҳо ва марказҳои тиббӣ шикоят ва ё ҳодисаҳои фавти инсонҳо ба қайд гирифта нашудааст, вале сарфи назар аз ин, онҳо тадобири эҳтиётиро рӯи даст гирифтаанд.
Тавре идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар авоили моҳи равон гармии ҳаво дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар навоҳии ҷанубии кишвар ба 40-44 дараҷа расид. Ҳоло мизони гармии ҳаво аз 34 то 38 дараҷа нишон дода мешавад.