ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Беш аз 800 сокини Покистон қурбонии гармии бесобиқа дар ин кишвар гаштаанд, аксари ҳалокшудагон аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба ВВС News.
Аз ҷумла дар шаҳри Карочӣ 780 нафар ҳалок гардида, даҳҳо тани дигар дар дигар қисматҳои Синд фавтидаанд. Ба навиштаи манбаъ, мурдахонаҳои мамлакат пур аз майити ҳалокшудагон аст.
Дар моҳи мубораки Рамазон, ки аксари мусулмонон рӯза медоранд ва аз тановули ғизову нӯшидани об худдорӣ меварзанд, дар Покистон ҳаво гарми аз ҳад зиёд шуд. Мушкили дигар ин аст, ки интиқоли барқ дар бархе манотиқ қатъ мегардад, ки ин ба аз кор мондани ҳавочолҳо мусоидат мекунад.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар Покистон ҳаво бештар тафсида, пас аз чанд рӯз сардшавӣ ва боронро интизор шудан мумкин аст.