Ҷанг қонуну қоида надорад...

© Sputnik, Ёкуб ХалимовМуҳиддин Идиев, гурезаи солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон
Муҳиддин Идиев, гурезаи солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳиддин Идиев, яке аз даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷик аст, ки дар аёми ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 дар хоки Афғонистон панаҳ бурда буд. Ягона "гуноҳ"-и ӯ ин буд, ки дар “маҳалли номувофиқ” таваллуд шудааст. Саргузашти вай шабеҳ ба тақдири тақрибан ҳамаи гурезаҳои тоҷик аст.

Вақте ҷанг аст, хушку тар якҷо месӯзад. Меъёри гунаҳкор ва ё бегуноҳии як нафарро на қонун, на додгоҳ, балки ҷойи истиқомат ва ё маҳалли таваллудаш муқаррар мекунад. Қаҳрамони моро ҳам ягона гуноҳаш ин буд, ки "ҳаммаҳали душманон аст" ва ҳамин ҷурмаш боис гардид, то азобҳои зиёдеро таҳаммул кунад ва 5 сол дур аз ҳамсару фарзанду меҳану маскан ба сар барад.

Муҳиддин Идиев пас аз анҷоми мӯҳлати хидмати низомӣ, ки Афғонистонро тарк мекард, ҳич гумон надошт, ки баъд аз панҷ сол дубора ба ин кишвар бармегардад; ин бор ба ҳайси муҳоҷиру паноҳанда. То моҳи ноябри соли 1992 Идиев дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон зиндагии нисбатан осудае дошт. Дар нашрияи ноҳиявии "Садоқат" ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард. Шурӯъи ҷанг ин осудагиро аз вай рабуд.

"Ҷонибдори ҳеч кадом аз майдонҳо набудам. На аз майдони "Шаҳидон", ки бештар бо номи оппозитсия маъруф буд ва на аз "Озодӣ", ки муддаии барқарорсозии сохти конститутсионӣ буд. Танҳо маҳалли таваллудам, ки минтақаи шарқи кишвар- Ғарм аст, боиси муҳоҷиратам шуд. Агар тарки Тоҷикистон намекардам, кушта шуданам яқин буд", — меафзояд Муҳиддин Идиев.

Маҳал — баҳона барои одамкушӣ

Ҳангоме ҳаводиси дохили кишвар тезу тунд мешуд ва ҷанги бародаркушӣ дар манотиқи Тоҷикистон, ба вижа дар ноҳияи Шаҳритус аланга мегирифт, Муҳиддин ба ҷуз аз тарки ҷойи иқомат кардан чораи дигаре надошт.

"Вақте, ки гурӯҳҳои "Фронти халқӣ", гурӯҳҳое, ки бештар такя бар неруҳои Ӯзбакистон доштанд, болои мардум ҳуҷум карданд, роҳи дигаре ҷуз фирор боқӣ намонд", — мегӯяд қаҳрамони мо.

11 ноябри соли 1992 як ҳуҷуми на он қадар густарда аз ҷониби ноҳияи Бешкенти Ӯзбакистон ба ноҳияи Шаҳритус сурат мегирад. Қабл аз ин ҳодиса як қисми аҳолии ноҳияи Қумсангир, ба вижа зодагони навоҳии Ғарму Ванҷ, рӯзи 10 ноябр ба наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон фирор карда буданд. Ин фалокат 12 ноябр ба сари мардуми Шаҳритус омад, ки аз чаҳор самт борони тиру тӯп бар сари бегуноҳон мерехт. Ҳамон рӯз буд, ки Идиев ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзандонаш бо шумули даҳҳо ҳазор сокинони осоиштаи ноҳия фирорӣ шуданд. Фироре, ки бештар аз 5 сол давом кард ва ҳама дору надорашонро ба боди фано дод. Иддае ҳам аз тир кушта шуд, иддае аз гуруснагиву ташнагӣ, бархе аз марги муфоҷо ва дигарон аз ғам. Ҳамаи инҳо як "гуноҳ"-и муштарак доштанд: дар ҷое таваллуд шудаанд, ки "набояд" он ҷо зода мешуданд…

© Sputnik / А. Замахин / Гузариш ба медиабонкГурезаҳои шаҳри Қурғонтеппа дар моҳи сентябри соли 1992. Ҷанги шаҳрвандӣ дар он шаҳр он замон аланга мезад.
Беженцы из Кургун-Тюбе покидают город, превратившийся в зону боевых действий. Сентябрь 1992 года. - Sputnik Тоҷикистон
Гурезаҳои шаҳри Қурғонтеппа дар моҳи сентябри соли 1992. Ҷанги шаҳрвандӣ дар он шаҳр он замон аланга мезад.

Ҳамлаи марг аз чаҳор ҷониб

Марзи Тоҷикистон он замон аз сӯи неруҳои Русия ҳифз мешуд ва марзбонон дастур гирифта буданд, ки аз убури шаҳрвадон ба хоки Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд. Қаҳрамони мо нақл мекунад, ки аз ду ноҳияи наздик ба марзи Афғонистон; аз Шаҳритусу Қумсангир ҳудуди 120 ҳазор гуреза дар наздикии симхорҳои марзи Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Аз пеш мили силоҳи сарҳадбонону мавҷи пуртуғёри дарёи Панҷ, аз пушт гуруҳҳои "Фронти халқӣ" ва чандин дастаи дузду ғоратгари дигар.

"Аскарони рус огоҳ мекарданд, ба сарҳад наздик наоед, ки мепарронем, аз пушт бошад мили силоҳи фронтчиён намудор буд. Як даҳшати гӯшношунид", — ҳанӯз ҳам ба суханаш идома медиҳад Идиев.

Мардум нон надоштанд. Мақоли халқӣ аст, ки гӯшна ба шер задааст. Дар наздикии сарҳад фермаи говпарварие мавҷуд буд, ки одамон аз гуруснагӣ ба он ферма ҳуҷум мекунанд. Ва давоми чанд рӯз ғизояшон танҳо аз гӯшти гов буд. Гӯшту об, гӯшту об. Билохира ин ғизо қисмеро аз по зад, кӯдакону пиронсолон дарунрав шуданду ҷон супурданд.

Ҳамон рӯзҳо Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд идома дошт. Гурезагон ахборро, ки гӯш мекарданд, воқеан умеди тозае дар дилашон бедор мешуд. Дар якҷоягӣ ба номи вакили Шӯрои олӣ Валентина Абдусамадова, ки вакил аз ноҳияи Шаҳритус буд, номаи дастаҷамъона навиштанд ва аз вазъи худ дарак доданд. Нома тавассути сарбозони рус ба вакил расонида шуд. Субҳи рӯзи дигар Абдусамадова номаи моро тавассути радио қироат кард.

"Давоми рӯз дар ҳаво чархболе пайдо шуд. Мардум ба шӯру шавқ омаданд, ки акнун ранҷу азоб ба поён расиду моро соҳибонамон ба суроғ омаданд. Бигзор хонаву дарамон ҳам сухтаву хокистар шуда бошад, мо меравем ба манзилҳоямон, мегуфтанд. Бехабар аз ин ки ҳоло саргардониҳо дар пеш аст", — ба нақлаш ҳанӯз ҳам оромона идома медиҳад қаҳрамони мо.

Он чархбол ҳомили комисияи вижаи вакилон буд, ки барои санҷидани дурустии нома омада буданд. Рӯзи дигар радио эълон мекунад, ки "дар сарҳад бо Афғонистон ҳич хабаре нест, сокинони Қумсангиру Шаҳритус ба зиндагии осоиштаи худ машғуланд". Ин дурӯғи маҳз, ки аз номи вакилон садо дод гурезагонро навмедтару дилшикастатар кард. Баъдан маълум мешавад, ки вақте чархбол дар ноҳияи Қумсангир фуруд меояд, силоҳбадастони "Фронти халқӣ" вакилонро таҳдид мекунанд, ки воқеияти ҳолро ошкор насозанд.

Фирор ба Афғонистон  

Ба ҳамин минвол, рӯзи 7 декабри соли 1992 "Фронти халқӣ" бо танку БТР-аш аз дохили мардуми гуреза убур мекунад ва ба назди сарҳадбонони рус меравад. Ҳамроҳ бо сарҳадбонон шабнишиниву майнӯшӣ барпо мекунанд. Ва ҳам дар бозгашт мардуми гурезаро таҳдид мекунанд, ки "ҳоло фалону фалонатон мекунем".

Баъди чаҳор рӯз ба "фалону фалон" шурӯъ мекунанд. Мардум худро ба рӯи симхорҳои сарҳад парт мекунад (сарҳадбонони рус ҳам ин даҳшатро дида, сарҳадро боз мекунанд). Қисме рӯи симхорҳо овезон ҷон медиҳад, қисме то лаби дарё норасида кушта мешавад, қисми дигар ба мавҷи дарё меомезаду ғарқ мешавад ва қисме ҳам бо сад ранҷу азоб ба марзи Афғонистон мерасад.

Вале Муҳиддин Идиев то охири декабри соли 1992 дар хоки Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гоҳо лаби дарё, гоҳо дохили қамишзорҳову ботлоқзорҳо паноҳ бурда, шоҳиди фоҷиаҳои даҳшатбор мегардад.

"Рӯи замин мурдаҳо пушта — пушта хоб буданд. Яке аз рӯзҳо дохили қамишзор паноҳ будем. Дуртарак аз мо чанд нафарро кушта буданд. Ҷондоре рӯи мурдаҳо ҳаракат мекард. Ба ҳамроҳонам, ки 5 нафар якҷо будем, гуфтам, биёед ҳамон мурдаҳоро гур кунем, ки сагҳои дайду гӯшту пусташонро мекананд. Хам-хамакӣ рафтем наздики мурдаҳо, он ҷондор… кӯдакест, 1,5 ё 2 сола, ки пистони модарро мекобад", — ба ин нуктаи хотироташ, ки мерасад, садояш ларзиш пайдо мекунаду гирди чашмонаш нам мегирад.

Вақте тифлакро рӯи дастонаш мегирад, вай он чунон чиррас мезанад, ки садои дарёро пахш мекунад. Мӯйсафеде хоҳиш мекунад, ки тифлро ба ӯ бидиҳанд то вай тарбияташ бикунад, "зеро аз хонаводааш ба ҷуз худаш касе зинда намондааст"…

Қаҳрамони мо баъд аз он ки тақрибан ҳама ба он сӯи Ому (Панҷ) гузашта буданд, саранҷом 26 декабр дарёро убур мекунад. Чанд қадам расидан ба соҳил қаиқе, ки Идиев нишаста буд, ба санге бармехурад. Идиев дар мавҷи хурӯшони Ому дармемонад. Аммо афғонбачаи ҷасуру чолок худро ба об мезанаду ҷони Идиевро мераҳонад. Ҳар ду ба соҳил мерасанд. Он афғонбача барои наҷоти ҷони тоҷики дигар ба об меҷаҳад. Он нафарро ҳам наҷот медиҳад, вале худаш ғарқ мешавад…

© Юрий Пирогов / Гузариш ба медиабонкБозҷӯии гурезагон ҳангоми баргаштан аз Афғонистон
ПОГРАНОТРЯД БЕЖЕНЦЫ ИЗ АФГАНИСТАНА - Sputnik Тоҷикистон
Бозҷӯии гурезагон ҳангоми баргаштан аз Афғонистон

Сулҳи деринтизори мо

Муносибати мардуми Афғонистонро дар маҷмӯъ қаҳрамони мо ба ҳоли ҳамон афғонбача шабоҳат медиҳад, ки худ ғарқ шуданду гурезаҳои Тоҷикистонро наҷот доданд. Панҷ соле, ки тоҷикони овора онҷо буданд, оре, гуруснагӣ диданд, сардӣ диданд, ғурбат диданд, аммо ин ҳолатро мардуми Афғонистон ҳам доштанд.

Албатта, панҷ соли ғурбат дар Афғонистон барои гурезагони тоҷик ба осонӣ паси сар нашуд. Тавре қаҳрамони мо нақл мекунад, сӯиқасдҳои оммавие аз ҷониби хадамоти хориҷӣ ба ҷони гурезагон сурат гирифт. Ба гунае, ки боре ба зарфи бузурги обнӯшии паноҳандагон заҳр меандозанд ва дар андак замон даҳҳо тан аз он заҳр мефавтад. Бори дигар, 5-6 сагбачаро заҳролуд карда, ба макони будубоши гурезагон меандозанд. Он сагбачаҳо ҳар киро, ки забон мезаданд, давоми 2-3 рӯз аз дарди ношинохтае мефавтид. Даҳҳо тани дигар аз ин дард фавтиданд.

Мардум дигар умед надоштанд, ки зиндаашон ба ватан бармегадад, мегӯяд қаҳрамони мо. Вале мӯъҷиза рух дод: 27 июн мардум радио гӯш мекарданд. "Радиои Озодӣ" аз Теҳрон хабар дод, ки байни ҳукумат ва опозитсияи тоҷик созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Муҳиддин мегӯяд, вақте ин хабарро паноҳандагон шуниданд, ашки шодӣ рехтанд. Оши худоӣ доданд, охирин дороияшонро, иборат аз сару либоси зиёдатӣ, палосу қолин ба афғонҳои ниёзманд ҳадя карданд.

Баъд аз имзои созишнома, паноҳандагон як — як ба ватан баргаштанд. Қаҳрамони мо ҳам дар ҳамон рӯзу моҳе, ки 5 сол муқаддам манзилашро тарк карда буд, дақиқан дар ҳамон рӯзу моҳи баргашт. Барояш муҳим ин буд, ки фарзандонаш сиҳату саломатанд.

"Худо он рӯзҳоро ҳаргиз бар сари мо барнагардонад. Маҳалгароӣ ва маҳалпарастӣ ба он рӯзҳои шум моро расониданд. Ҳоло чӣ ҷои пинҳон карданд, ки намунаҳои маҳалпарастӣ ошкор шуда истодааст. Ҳар куҷо як тоҷик тоҷики дигарро мебинад, аввалин суоле, ки мекунад, ин аст, ки "аз бачаҳои куҷоӣ?", ҳар кӣ мансаб мегирад, аввал хешу табор ва баъдан ҳаммаҳалҳояшро дар атрофаш ҷамъ мекунад. Пеши ин кор бояд гирифта шавад, вагарна моро дубора ба хоку хун менишонад", — хулоса мекунад Муҳиддин Идиев.

Лентаи хабарҳо
0