ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ширкати энержии чинии Tebian Electric Apparatus (TBEA), ки 5 мактаб эҳдос карда, 20 километр ҷоддаҳоро дар ноҳияи Данғара бозсозӣ мекунад, аз пардохти бархе аз анвои андозҳо озод шуд, хабар медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Ба ин тартиб, ҳукумати кишвар ширкати чиниро, ки машғули сохтмони Маркази гармидиҳиву тавлиди барқи Душанбе-2 аст, аз пардохти андози арзиши изофӣ, андоз аз фоида, андоз барои истифода аз ҷоддаҳо ва пардохтҳои гумрукӣ зимни воридсозии таҷҳизот барои сохтмони ин иншоот озод кард.
"Ширкат дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Данғара барои 1200 нафар шогирд мактабҳо месозад ва ҳар як мактаб барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст", — омадааст дар хабар.
Ин макотиб бо ҳазинаи 80 миллион сомонӣ сохта мешаванд. Барои бозсози ҷоддаҳо дар ноҳияи Данғара ихтисоси 79 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, ин ширкат аз пардохти 17,6 миллион сомонӣ андозҳо озод карда шудааст.
Барои ширкати энержии TBEA ин тарҳҳои иҷтимоӣ бахше аз қарордод бо ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Сармоягузорӣ ба сурати бебозгашт ироа мешавад. Ин ширкат дар Тоҷикистон беш аз 5 сол фаъолият дорад ва тарҳи бузургтарини ТВЕА дар Тоҷикистон пружаи маркази гармидиҳиву тавлиди нерӯи барқи Душанбе-2 мебошад, ки бо ангиштсанг фаъол мешавад. Феълан, сохтмони марҳилаи дуввуми ин марказ шурӯъ шудааст, ки то авохири соли 2016 анҷом меёбад.