Чин барои эҳдоси роҳи транзитии Шимол-Ҷануб $297 миллион ҷудо мекунад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкШоҳроҳ. Акс аз бойгонӣ
Шоҳроҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пайвастани ин роҳ бо роҳҳои Қазоқистону Русия дар шимол ва бо Тоҷикистон дар ҷануб имкон медиҳад, ки ин ҷамоҳир соҳиби як транзити мустақим дар масири Русия – Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон бидуни убури Ӯзбакистон шаванд.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Қирғизистон барои қисмати дуюми шоҳроҳи Шимол — Ҷануб аз Чин 297 миллион доллар қарз мегирад, менависад сомонаи Жогорку Кенеш (парлумони ин кишвар).

"Як ҳадафи ин шоҳроҳ коҳиш додани вобастагии Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳҳои Ӯзбакистон аст",- қайд мешавад дар хабар.

Посгоҳи марзӣ бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад

Вазири нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон Арғинбек Малабоев дар ҷаласаи кумитаи парлумони ин кишвар гуфтааст, ки Қирғизистон барои сохтани марҳалаи дувуми шоҳроҳи Шимол-Ҷануб аз Чин 297 миллион доллар қарзи боимтиёз дарёфт мекунад.

"185 миллион доллар аз ин маблағро ҳукумати Чин барои 20 сол бо ду дарсади солона медиҳад ва 11 миллиони дигарашро — "Эксимбонк"-и Чин барои 25 сол ва бо 1,5 дарсади солона",-афзуд вазир.

Дар кумитаи нақлиёту сохтмони порлумони қирғиз ҳарду созишномаи имзошуда бо ҳукумати Чин ва Эксимбонкро барои тасвиб муаррифӣ карда, иброз медоранд, ки анҷоми марҳалаи дувуми сохтмон имкон медиҳад, ки масофа байни Тоҷикистону Қирғизистон то Русия аз тариқи роҳҳое, ки бидуни убури Ӯзбакистон сохта шудаан, хеле кӯтоҳтар шавад.

Ба гуфтаи вазири қирғиз,"ҳадаф ҷалби сармоя барои рушди иқтисод, таъмини иртиботи доимӣ байни манотиқи кишвар, ҳамчунин дастрасии мардум ба бозори кору хидматрасониҳост. Пайвастани ин роҳ бо роҳҳои Қазоқистону Русия дар шимол ва бо Тоҷикистон дар ҷануб имкон медиҳад, ки мо соҳиби як транзити мустақим дар масири Русия — Қазоқистон — Қирғизистон — Тоҷикистон бидуни убури Ӯзбакистон шавем".

Марҳалаи дувуми бунёди шоҳроҳи Шимол — Ҷануб дар Қирғизистон сохтани 96 километр роҳ дар масири Арал — Казарман ва як нақби 700 метриро дар бар мегирад. Ин 297 миллион доллар қарзи Чин барои бунёди ҳамин 96 километр роҳ байни вилоятҳои Норин дар шимол ва Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон сарф хоҳад шуд.

Қирғизистон дар соли 2013 барои дар 3 марҳала сохтани ин шоҳроҳи алтернативии тӯли умумиаш 433 километр тасмим гирифт. Марҳалаи якуми шоҳроҳи Шимол — Ҷануб сохтани 112 километр роҳ аз минтақаи Қизил-Жилдиз то Арал ва 52 километри дигар аз Казарман то Ҷалолободро дар бар мегирифт. Ин марҳала, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз ёфт, 400 милллион доллар харҷ дорад.

Аз Ҷалолобод шоҳроҳи Шимол —Ҷануб тавассути зербанои мавҷуда ба Саритош ва аз аз онҷо аз тариқи Ҷиргатол ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд. Тоҷикистон алакай бо 90 миллион доллар қарзи Бонки осиёии рушд шоҳроҳи Душанбе — Ҷиргатолро тармиму бозсозӣ карда ва ба шабакаи роҳҳои ҷануби Қирғизистон пайвастааст.

Лентаи хабарҳо
0