ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тоҷикистон тасмими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири устувории сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд, иброз дошт рӯзи сешанбе президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо вакилони Ассамблеяи парлумонии НАТО. Дар ин бора аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо НАТО оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.
"Тоҷикистон тасмими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири устувории сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд",-иброз доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Манбаъ меафзояд, Тоҷикистон бо НАТО дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.
"Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи "Барномаи шарикӣ барои сулҳ"ва "Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва НАТО" сурат мегирад",-қайд мегардад дар хабари сарчашма.
Дар гузориш омадааст, ҳамчунин доир ба дигар масоили доғи минтақавӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи кишварҳои Ховари Миёна ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, сурат гирифт.