ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Шабакаи телевизионии СММ сокини 19-солаи шаҳри Кӯлоб Муборак Рустамзодаро барои талошҳояш дар мавриди ҷалби духтарони деҳот тавсиф кардааст.
Муаллифони барномаи телевизионии Созмони Милали Муттаҳид аз талошҳои номбурда барои ҳимоят аз ҳаққи духтарон ба таҳсил тавсиф карда, ӯро "Малолаи тоҷик" номидаанд.
"Муборак Рустамзода барои ба мактабу донишгоҳ овардани духтарони деҳоти Тоҷикистон саҳм гузошта, ҳанӯз ҳам ба ин кораш идома медиҳад",-омадааст дар гузориш.
Ба иттилоъи манбаъ, Муборак Рустамзода муборизаи худро барои рафъи бесаводӣ миёни занону духтарон баъд аз хатми мактаби миёна шурӯъ карда, то ҳоло тавонистааст чандин духтари бо дили пур аз ҳавас дар кунҷи хона нишастаро ба таҳсил ҷалб кунад.
Худаш бошад имсол Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ихтисоси забонҳои хориҷӣ ба поён расонд.
Муборак мегӯяд, вақте мебинад, ки падарону бародарон ба ҷойи духтар тасмим мегиранд; вақте мебинад, ки духтари бодонише барои кадом як қолаби шахшуда наметавонад ба таҳсилаш идома диҳад, хомӯш истода наметавонад ва барои сӯҳбат ба назди волидонаш меравад.