ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рӯзи чаҳоршанбе дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Душанбе намоиши корҳои дизайнеру рассомони тоҷик баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, инчунин Соли оила сурат мепазирад.
Дар намоишгоҳ ҳунарҳои рассомони шинохта: Фаррух Хоҷаев, Акмал Миршакар, Мизроб Холов, Лайло Қурбонова ва Умеда Нарзихудоевро тамошо кардан мумкин аст.
Ба ғайр аз ин дар чорчӯби намоишгоҳ муштариён бо ҳунари устои чирадасти лавҳасоз Зулайхо Холова низ ошноӣ пайдо хоҳанд кард.