ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Устоди кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо қарори додгоҳи шимоли кишвар бо ҷурми ришваситонӣ (дар ҳаҷми 1 ҳазор доллар) муҷрим шинохта шуда, 14,8 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад пардохт, менависад ОИ Авеста.
Кормандони мақомоти мубориза алайҳи фасоди вилояти Суғд ин бонуро аснои гирифтани пора аввали баҳори соли равон боздошт карда буданд.
"Дар нисбати омӯзгор бо моддаи 247 КҶ Тоҷикистон (таққалубкорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида буд",- иброз доштааст додраси додгоҳи Хуҷанд Нигора Назариён.
Ба гуфти вай, устоди мактаби олӣ аз як сокини вилояти Суғд барои дохил кардан ба донишгоҳ пора талаб кардааст.
Додгоҳ қарор кард, ки пас аз пардохти ҷарима омӯзгор ба фаъолияти касбиаш идома бидиҳад.