Велгарде аз Маскав барои шабакаи худ дар YouTube муштариёнро ҷалб сохт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВелгард. Акс аз бойгонӣ
Велгард. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як бехонумон дар Маскав, ки бо фанновариҳои муосир ошноӣ дошт, тасмим гирифт, ки наворҳои видеоӣ дар бораи зиндагии худро пахш карда, маболиғе ба даст оваранд, вале арзёбии муштариён дар бораи ояндаи ин тарҳ зиддунақиз ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Женя Якут, бехонумони маскавӣ беш аз 18 ҳазор нафар муштариро ба шабакаи худ дар YouTube, ки онро моҳе қабл фаъол карда буд, ҷалб сохт.

Дар ин пойгоҳи видеоӣ вай ба манзури ба даст овардани маболиғ барои зиндагиаш сабти ном шудааст, зеро дар оянда аз суди таблиғоте, ки дар шабака ҷой дода мешавад вай маболиғе ба даст меоварад, агар наворҳои пахш кардааш маҳбубият пайдо кунанд.

Ин велгарди баҳуш алаккай 6 навори видеоӣ ба мавзӯъоти мухталиф ва ду наворе, ки дар онҳо ба суолоти муштариёнаш посух медиҳад, нашр кардааст.

"Ман алаккай 5 сол дар Маскав велгард ҳастам. Дар ин наворҳо ман бароятон дар бораи зиндагии худ дар пойтахти Русия қисса мекунам: дар куҷо ва чӣ тавр ройгон ғизо хӯрдан мумкин аст, дар куҷо хобидану шустушӯ кардан мумкин аст, куҷо рафтан имконпазир аст чӣ гуна аз пулис панаҳ бурдан даркор аст. Ҳамчунин дар наворҳои видеоии худ ман бароятон Маскаверо нишон медиҳам, ки то ҳол онро надидаед", — муроҷиат мекунад Женя Якут ба тамошочиён дар навори нахустини худ.

Ба гуфтаи вай, барои рушди тарҳаш ва бо машварати муштариён вай ҳамёни qiwi таъсис додааст, ки ба он ҳар як алоқаманд метавонад маблағе ворид созад.

Яке аз муштариён Александр Бергер дар шарҳҳо ба наворҳои виедоии Якут зикр кардааст, ки бояд то дусад ҳазор муштарӣ пайдо карду сармоягузоронро дошт, ки шабакаи YouTube суде биоварад, ки аққалан барои "иҷораи маскан ва ғизо кифоят кунад".

Вале ин велгард тасмим дорад, ки бо ин шабака талоши худро анҷом надиҳад: вай алаккай сафҳаи худро дар Instagram (2169 нафар муштарӣ) ва ВКонтакте (289 нафар муштарӣ) дорад.

Лентаи хабарҳо
0