ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар ҷумҳурӣ 4,5 ҳазор тафреҳгоҳи тобистона барои атфол ташкил шудааст, ки дар онҳо беш аз 350 ҳазор кӯдакон истироҳат хоҳанд кард, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.
Дар вазорати маориф қайд мекунанд, ки дар навбати аввал кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат ва талабагони болаёқат ба лагерҳо фаро гирифта мешаванд.
"Ҳукумат вазороти марбута ва сохторҳои дахлдорро муваззаф кардааст, ки истироҳати тобистонаи кӯдаконро дуруст роҳандозӣ кунанд",- омадааст дар хабари манбаъ.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 227 лагери тобистона ташкил гардида, дар онҳо 358 ҳазору 242 кӯдакон истироҳат карданд.