ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи душанбе сармоягузории изофии тарҳи "Беҳбуди тандурустӣ дар Тоҷикистон"-ро ба маблағи $10 миллион ихтисос дод, хабар додааст маркази матбуотии БҶ дар баёнияи худ.
Ин маблағ, ки аз ҳисоби Анҷумани байналмиллалии рушд ихтисос ёфтааст, барои тавсеъа ва беҳбуди ироъаи хадамоти аслии тандурустиву беҳдоштии аввалия масраф хоҳад шуд.
"Дар пайи анҷоми тарҳи нахустини мушобеҳ дар ноҳияи Спитамен, ниҳодҳои беҳдоштӣ алаккай дар бораи муроҷиъаи баъд аз таваллудӣ ва моякӯбии комили кӯдакон хабар медиҳанд", — гуфт намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс-Картер.
Тарҳи беҳбуди хадамоти тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки аз моҳи августи соли 2013 иҷро мешавад, беҳбуди саломатии омдару кӯдакро ҳадаф дорад: ба ниҳодҳои тандурустии рустоӣ пардохти маболиғе ба манзури тавсеъа ва беҳбуди кайфияти хадамоти аввалияи тандурустиву беҳдоштӣ пешбинӣ шудааст.
То ҳол ин тарҳ ҳашт навоҳии вилоёти Хатлон ва Суғдро фаро мегирифт — 314 ниҳоди тандурустӣ ва 1,8 миллион нафар аз сокинонро.
Сармоягузории изофӣ имкон медиҳад, ки иҷрои ин тарҳ дар чаҳор навоҳии вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи марказ ва вилояти худмухтори Бадахшон тавсеъа дода шавад. Ин маболиғ аз ҷумла барои бозсозии 20 нуқтаи тандурустӣ сарф хоҳад шуд.