ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иҷрои тарҳе бо ҳазинаи 22 миллион евро дар вилояти Суғди Тоҷикистон оғоз шуд, ки онро ҳукумати кишвар, БАБР, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи Аврупо сармоягузорӣ мекунанд, хабар медиҳад CA-NEWS.
"Дар чаҳорчӯби ин тарҳ насби ҳисобкунакҳои барқӣ, таҷҳизоти сабти нишондодҳои ҳисобкунакҳо, низоми ҳисобу китоб дар Хуҷанд ва атрофи он ва ҳамчунин бозсозии қисмате аз хутути баландшиддати интиқоли нерӯи барқ бо шумули воридот ва насби таҷҳизот дар назар аст", — омадааст дар хабар.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, зимни иҷрои ин тарҳ насби 100 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ, 220 нуқтаи ҳисоби масрафи нерӯи барқ барои корхонаҳои санъатӣ сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин ивази 270 километр хати интиқоли нерӯи барқ, ивази ноқилҳои барқӣ (394 километр) дар биноҳои баландошёна ва насби 485 таҷҳизоти тақсими барқи роҳравҳои биноҳо ҳадафи дигари ин тарҳ будааст.
Ин тарҳ ҳамзамон ивази ноқилҳои зеризаминӣ (14,3 километр) ва сутунҳои қадимии чӯбӣ ба бетониро (1405 адад ё 80%) дар назар гирифтааст.