Муҳоҷирон дар муқоиса бо Русия ба Қазоқистон бештар сафар мекунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкОстона. Акс аз бойгонӣ
Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар панҷуним моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои муҳоҷирати корӣ беш аз 314 ҳазор нафар сафар карда ба кишвар 170 ҳазор нафар атбоъи Тоҷикистон баргаштаанд.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ба Қазоқистон барои дарёфти ҷойи кор дар 5,5 моҳи соли ҷорӣ 4,8 ҳазор нафар атбоъи Тоҷикистон сафар кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 ҳазор нафар бештар аст, хабар медиҳад маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷирати кишвар.

Теъдоди сокиноне, ки барои кор ба ФР сафар кардаанд, дар ин муддат беш аз 314 ҳазор нафар будааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор нафар камтар мебошад.

Аз миёни ба Русия сафар кардаҳо 281,7 ҳазор нафар мардон ва ҳудуди 33 ҳазор нафар занон ҳастанд.

Дар ин муддат аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ баргаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0