Додситонии Брест қонунӣ будани боздошти Худойдодоваро таҳқиқ мекунад

© SputnikАкси Шабнам Худойдодова дар Twitter
Акси Шабнам Худойдодова дар Twitter - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони вилоят Иван Носкевич ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Шабнам Худойдодова дар боздоштгоҳи Брест қарор дорад ва аз замони боздошташ аз шароити будубош шикоят накардааст.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар вилояти Брести Белорус додситонӣ қонунӣ будани боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодоваро, ки ба иттиҳоми фаъолияти тундгароӣ дар кишвари худ 15 июн боздошт шуда буд, оғоз хоҳад кард, менависад Радиои Озодӣ.

Дар бораи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи Брест ба радио додситони вилояти Иван Носкевич хабар дод ва афзуд, ки аз замони боздошт Худойдодова аз шароити будубош шикоят накардааст.

Додгоҳи Душанбе ҳукми 2 узви “Гурӯҳи 24”-ро бетағйир монд

"Вай зимни анҷоми назорати марзӣ боздошт шуд, зеро дар ҷустуҷӯйи байнидавлатӣ қарор дошт. Ин амр далели боздошташ буд. Ман шахсан бо вай сӯҳбат накардаам, вале тибқи қавонини мо, додситон муваззаф аст, ки як маротиба дар даҳ рӯз қонунӣ будани боздошти ҳар нафареро таҳқиқ кунад. Дар зудтарин фурсат мо чунин таҳқиқеро анҷом хоҳем дод. Вай дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад ва шикояте аз будубошаш накардааст", — гуфт дар мусоҳиба бо радио додситон.

Ба гуфтаи Носкевич, ин таҳқиқот мушшахас мекунад, ки ниҳодҳои бозрасии Белорус чӣ тасмиме бояд иттихоз кунанд: Худойдодоваро ба Тоҷикистон истирдод кунанд ва ё озод кунанд.

Шабнам Худойдодова ба навиштаи радио фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи "Гурӯҳи 24" мебошад.

Лентаи хабарҳо
0