https://sputnik.tj/20150623/1015791373.html
Рӯзи поси хотир: дар Душанбе аз ҳалокшудагон дар ҶБВ ёд карданд
Рӯзи поси хотир: дар Душанбе аз ҳалокшудагон дар ҶБВ ёд карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе рӯзи 22-июн бо ширкати роҳбарони сафоратхонаҳои кишварҳое, ки аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД)мебошанд, чорабинии поси хотири... 23.06.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-06-23T10:43+0500
2015-06-23T10:43+0500
2015-07-02T13:33+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101578/76/1015787668_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_2c143568418538f56c2d8f6cc35b1e25.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, дар тоҷикистон, сиёсат , ҳамаи хабарҳо
акс, дар тоҷикистон, сиёсат , ҳамаи хабарҳо
Рӯзи поси хотир: дар Душанбе аз ҳалокшудагон дар ҶБВ ёд карданд
10:43 23.06.2015 (Навсозишуда: 13:33 02.07.2015) Дар Душанбе рӯзи 22-июн бо ширкати роҳбарони сафоратхонаҳои кишварҳое, ки аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД)мебошанд, чорабинии поси хотири ҳалокшудагон дар ҶБВ баргузор шуд.
Ҳамоиш бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи марзбон ва ҷанговарони ҳалокшуда, ки дар пойгоҳи низомии 201 ҷойгир мебошанд, оғоз гардид. Сипас, иштирокчиёни чорабинӣ ба қабристоне, ки ҷанговарони ҶБВ орамидаанд, ташриф оварданд.
Ба ғайр аз ин дар ин рӯз, дар бинои мактаби миёнаи рақами 4 лавҳаи ёдгорӣ бо навиштаҷоти "дар ин ҷо дар солҳои ҶБВ беморхонаи ақибгоҳ ҷойгир буд" насб карда шуд.

Чорабинӣ аз гузоштани гулчанбар дар пойгоҳи 201-уми Русия оғоз гардид.

Маросим аз назди муҷассамаи марзбон дар қароргоҳи 201-ум дивизия оғоз гардид. Маҳз, 22-июни соли 1941 зарбаи аввалинро сарҳадбонони шӯравӣ қабул карданд.

Ин ҷо боз лавҳаи дигари ёдгорӣ низ ҳаст, ки дар он ҳам гулчанбар гузоштанд.

Усқуфи Душанбе дар ин чорабинӣ ширкат ва суханронӣ дошт.

Аз дуриҳои дур низ садои зангӯларо шунидан мумкин аст.

Қисми асосии чоарбинӣ дар қароргоҳи марказии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Душанбе сурат пазируфт.

Фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 ФР дар Тоҷикистон Денис Лямин дар бораи ҶБВ ва фидокориҳои сарбозони шӯравӣ нақл мекунад.

Сафири ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфт, "дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми мардуми ИҶШС (СССР) ширкат карда, ватани худро аз фашизм ҳимоя карданд. Маҳз иттиҳод ва ҳамбастагии кулли миллатҳои кишвар боис шуд, ки дар ин ҷанг мо пирӯз шавем".

Дар охир қадамзанӣ таҳти мусиқии оркестри низомӣ баргузор шуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ ба қабристоне, ки он ҷо собиқадорони ҶБВ мадфун ҳастанд, ташриф оварданд.

Тайи ин муддат гурӯҳи "Ёдбуд-201" қабри чанд аскар ва афсари Артиши сурхро ба тартиб дароварда буд.

Дар бинои мактаби №4 лавҳаи ёдгорӣ насб гардид.

Акнун хонандагони мактаби рақами 4 бо ифтихор дар бораи дар ин бино мустақар будани беморхона дар солҳои ҶБВ-ро нақл мекунанд.