ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Рӯзи душанбе дар осорхонаи бостоншиносии давлатии Челябинск нахустнамоиши филми "Сарбозони бидуни силоҳ"-и коргардон Нуралӣ Шарифоф баргузор шуд, менависад хабаргузории Авеста бо истинод ба намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод.
Дар таҳияи филм дар бораи сарнавишти эъзомшудагон барои кор дар солҳои ҶБВ синемагарони ҷавони Тоҷикистон заҳмат кашидаанд.
"Ҳазорон нафар сокинони эъзомшудаи Осиёи Миёна то анҷоми ҷанг дар корхонаҳои Урал фаъолият мекарданд. Вале дар бораи сарнавишти онҳо дар ватанашон ва берун аз он кам иттилоъ доранд. Танҳо нафаре, ки ба қаҳрамонии коргарони Осиёи Миёна дар солҳои 1941-1945 таваҷҷӯҳ карда буд, нависанда Фотеҳ Ниёзӣ мебошад, ки бар пояи романи вай ин филми мустанад таҳия шудааст", — гуфтааст ба хабаргузорӣ Эгамзод.
Офарандагони ин филм Сайёд Муҳаммедов, коргардон Нуралӣ Шарифов ва наворбардор Парвиз Исоев дар Екатеринбург ва Челябинск сафар карда асноди марбутатро таҳқиқ карданду гуфтаҳои тахрихшиносони Урал ва хотироти шоҳидони ҳаводиси солҳои гузаштаро гӯш медоданд, то иттилоъи комил дар бораи ҳамватанон, сарбозони бидуни силоҳро ба даст оваранд.