ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳуқуқшиноси дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдулло Қурбоналӣ Раҳмонзода раҳбари нави "Созандагони Ватан" — ҷиноҳи ҷавонони ин ҳизб — интихоб шуд, менависад "Радиои Озодӣ".
Ин тасмим 22 июн дар анҷумани чоруми "Созандагони Ватан" гирифта шудааст. Фирӯза Шарифӣ муовини аввал ва Муҳаммадҷон Аҳрорӣ ва Сураҷ Чоршанбиев муовинони раиси ҷиноҳи ҷавонони ҳизби ҳоким интихоб шудаанд.
Абдулло Раҳмонзода соли 1983 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Ӯ дар раҳбарии "Созандагони Ватан" Исфандиёр Абдураҳмоновро иваз мекунад, ки дар ибтидои моҳи май бо эътироз тарки ин мақом кард.
Абдураҳмонов сабаби ин иқдомашро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" рабт дода буд.
Оқои Абдураҳмонов дар пайи тағйироти кадрии чанд моҳи қабл дар ҲХДТ соҳиби мақоми раиси "Созандагони Ватан" шуд. Ӯ Адҳамҷон Мирсаидовро иваз кард, ки дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон вазифа гирифт.