Чин дар Тоҷикистон чанд корхонаи санъатӣ месозад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Го Гэнмао
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Го Гэнмао - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо дабири комитети ҳизбии вилояти Хэнани Чин ба зарурати сохтмон ва роҳандозии сареъи корхонаҳои санъатӣ таъкид кард.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи тавофуқоти миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва вилояти Хэнани Чин ҷониби чинӣ муваззаф шудааст дар ҷумҳурӣ чанд корхонаи саноатӣ бунёд кунад, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.

Ин мавзӯъ имрӯз дар дидори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дабири ҳизбии вилояти Хэнани Чин Го Гэнмао матраҳ шудааст. Дар ин дидор ба иҷрои тавофуқоти миёни бархе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва вилояти Хэнан таваҷҷӯҳ шудааст.

"Тибқи ин аснод, ҷониби чинӣ дар Тоҷикистон муваззаф шудааст чанд корхонаи санъатӣ, аз ҷумла корхонаи тавлиди лавозимоти кишоварзӣ, нуриҳои маъданӣ, орд, равған, ғизои ҳайвонот ва ҳамчунин корхонаи коркарди тухмиҳои зироъатҳо бунёд кунад", — омадааст дар матни хабар.

Раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати сохтмон ва роҳандози сареъи ин корхонаҳои санъатӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ба зарфияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши энержии санъатӣ, маъодин ва сохтмон таъкид кардаанд.

Тоҷикистон дар панҷ соли ахир бо ин вилояти Чин, ки дар бахши кишоварзӣ дастовардҳои назаррасе дорад, мустақиман иртибот дорад.
Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон бар пояи истифодаи навовариҳои фаннии кишоварзӣ алаккай чанд иқдоме дар заминаи кишти пахта, ҷуворимакка ва зироъатҳои дигар рӯйи даст гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0