ВАО: ҳалокати боз ду тоҷики ҷонибдори “ДИ”

© AP / Raqqa Media Office, FileҶангҷӯи "Давлати исломӣ" дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯи Давлати исломӣ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибдорони созмони террористии “Давлати исломӣ” аз ҳалокати боз ду ҷангҷӯи тоҷики ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд, аммо маҳал ва замони он маълум нест.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" охири ҳафтаи гузашта хабар дода шуд, ки ду тоҷикистонӣ, ки дар суфуфи "ДИ" дар хориҷа меҷангиданд, ба ҳалокат расидаанд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: танҳо ба 1-2 нафари пушаймононшудагони “ДИ”метавонем кӯмак кунем

Ба иттилоъи манбаъ, ҳалокшудагон Абдуҳаким ва Абубарро Шаҳритусӣ мебошанд. Ҷузъиёти бештар, аз ҷумла замону макон ва ҳолати мушаххаси марги ин ду тоҷик ифшо нашудааст.

Ҳалокати ду тоҷики ҷонибдори "Давлати исломӣ" дар Сурия дар ҳолест, ки қаблан додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон аз марги ҳудуди 60 тоҷикистонии ҷонибдори ин гурӯҳ иттилоъ дода буд.

Дар маҷмӯъ, ба иттилои мақомоти қудратӣ ва амниятии ҶТ дар Сурия ва Ироқ 344 тоҷикистонии ҷонибдори "Давлати исломӣ" қарор доранд, ки бархе аз онҳо бо зану фарзандашон ба он ҷо рафтаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0