Дар ҷашнвораи ош дар Хуҷанд 80 дег палав пухтанд

Обуна шудан
Чорабинии "Иди палав" дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии устони Суғд рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон баргузор гардид.

Рӯзи сешанбе дар Хуҷанд чил таббох бо ҳамдигар аснои пухтани ош рақобат карданд, даҳҳо гулпарвар бошанд байни ҳам сабқатҳои мухталиф ташкил карда буданд.

Чил деги ош дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби ҳунармандони санъати хӯрокпазӣ омода шуда буд. Байни онҳо Носир Ортиқов, ошпази беҳтарин эълом гардида, райиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ тӯҳфа кард.

Ба ғайр аз ин дар 11 бахши дигар ғолибон муайян гардиданд:

"Беҳтарин палави чойхона" — онро Зокир Файзиматов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайёр карда, соҳиби 3 ҳазор сомонӣ шуд,

"Беҳтарин ошпази ҳирфаӣ" — Аюб Бурҳонов аз Ғончӣ (3 ҳазор сомонӣ);

"Беҳтарин палавхӯр" — Абдуқаҳҳор Маҳмудов аз Истаравшан  (2 ҳазор сомонӣ);

"Беҳтарин ошпаз миёни солмандон" — Баҳодур Назиров аз Исфары (1 ҳазор сомонӣ);

"Беҳтарин таббох миёни бонувони калонсол" — Шоирахон Бобоева аз Айнӣ (1 ҳазор сомонӣ);

Ва чанд намунаи дигар.

Ба ҷузъ ин, дар 40 дег ош барои зиёфати мардуми иштирокчӣ омода карда буданд. Дар ин чил дег 1,5 тонна биринҷро андохта буданд.

Як қисмати боғи Камоли Хуҷандӣ бошад дар ин рӯз гулборон шуда буд ва озмунҳои гулу гулкорӣ ин ҷо идома дошт.

Лентаи хабарҳо
0