ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо тими "Паҳанг"-и Малайзия рақобат мекунад, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Рақиби "Истиқлол" рӯзи гузаштаи 18 июн, дар натиҷаи қуръакашӣ, ки дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур доир гашт, маълум шуд.
Бозии аввал 26 август дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантана баргузор мешаванд. Дар мавриди пирӯзӣ «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт» (Кувайт) — «Китчӣ» (Ҳонконг) рақобат хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷкистон, агар «Истиқлол» ба финали Ҷоми AFC роҳ ёбад, он гоҳ бозии ниҳоӣ 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.