ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тайи моҳҳои январ-июни соли равон ҳамагӣ 272 ҳазору 178 муҳоҷир барои кор аз кишвар берун шудаанд, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 12,8% камтар мебошад, омадааст дар ҳисоботи "Назорат ва ҳушдордиҳандаи зудҳангом дар Тоҷикистон".
"Дар ин давра 155 ҳазору 79 кас ба ватан баргаштанд",- қайд мешавад дар санади мазкур.
Моҳи майи соли 2015 аз Тоҷикистон 59 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд, ки дар қиёс ба шҳамин давраи соли гузашта 14,3% камтар аст.
Тибқи маълумоти Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, ба ин идора дар ин давра 50 ҳазору 948 шаҳрванди кишвар барои кӯмак муроҷиат кардаанд.
Аз ин теъдод, 32 ҳазору 811 нафар ҳамчун корҷӯ ва 23 ҳазору 478 нафар ҳамчун бекори расмӣ ба қайд гирифта шуданд.
Тайи панҷ моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти зирабт 15 ҳазору 174 нафар ба ҷои кор таъмин шудаанд, ки дар ҳисоби фоизӣ ба 29,8 баробар аст.
Ба иттилои Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 83 ҳазору 520 ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 41,4% (59054) зиёдтар мебошад.