Ифтитоҳи факултаи муштарак дар донишгоҳҳои миллии Тоҷикистону Беларус

© SputnikДонишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи тавофуқоти бадастомада, таълим дар факултаи мазкур ба таври нақшавии 2+2 сурат гирифта, ду соли аввали таҳсил дар ДМТ ва ду соли баъдӣ, инчунин ҳимояи рисолаи дипломӣ дар ДДБ сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Донишгоҳҳои давлатии Тоҷикистону Беларус дар бораи таъсиси факултаи муштараки технологияҳои информатсионӣ ба мувофиқа расиданд, иттилоъ медиҳад сомонаи Донишгоҳи давлатии Беларус (ДДБ).

Созишнома рӯзи 12 июн дар Душанбе аз ҷониби ректорони донишгоҳҳои мазкур, академикҳо- Сергей Абламейко ва Маҳмадюсуф Имомов ба имзо расид.

"Интизор меравад, таҳсил дар факултаи ҷадид моҳи сентябри соли равон оғоз гардад. Донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои информатикаи, амнияти компутарӣ, риёзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ касб хоҳанд омӯхт",- меафзояд манбаъ.

Инчунин қайд мегардад, ки таълим дар факултаи мазкур ба таври нақшавии 2+2 сурат гирифта, ду соли аввали таҳсил дар ДМТ ва ду соли баъдӣ, инчунин ҳимояи рисолаи дипломӣ дар ДДБ сурат мегирад.

 

Лентаи хабарҳо
0