ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо дарназардошти фарорасии фасли тобистон, ки нерӯгоҳҳои кишвар нерӯи барқи изофӣ тавлид мекунанд, афзоиш меёбад, омадааст дар бозрасии вокуниши сареъи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.
Дар моҳи майи соли 2015 аз ду нерӯгоҳ — "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" тавассути хутути интиқоли нерӯи барқи 220 кВт ва 110 кВт ба Афғонистон 129,6 миллион кВт соат нерӯи барқ содир шудааст.
"Ин миқдор дар муқоъиса бо мизони ҳамин давраи соли гузашта 29,4 миллион кВт соат бештар аст. Ин миқдор 9,4% мизони кулли тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон мебошад", — зикр шудааст дар гузориш.
Дар ин гузориш дар бобати содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон иттилоъе ироъа нашудааст ва эҳтимол дорад интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвар дар моҳи июни соли ҷорӣ аз сар гирифта шудааст.
Дар авоили моҳи ҷорӣ нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши "Об барои ҳаёт" дар Душанбе изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи интиқоли нерӯи барқ тавофуқ кардаанд. Дар соли ҷорӣ ин кишвари ҳамҷавор аз Тоҷикистон 500 миллион киловатт соат нерӯи барқро бо арзиши 2,5 сантӣ харидорӣ мекунад. Афғонистон як киловатт соат нерӯи брақро аз Тоҷикистон бо қиммати 3-3,5 сентӣ ворид мекунад.