Соати 14:00 оғози чорабинӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо то замони шурӯъи он мухлисони зиёди Жанна пушти дарҳои толор ҷамъ шуданд. Одамон бо гулу гулдастаҳо меомаданд, аксари онҳо ашки чашмонашонро дошта наметавонистанд.
Дӯстонаш Олга Орлова, Анна Семенович, Диана Гуртская, Ксения Новикова, сарояндаҳо- Дмитрий Маликов, Игор Николаев, Сергей Лазарев, Митя Фомин, Эдгард Запашний, ҳунарманд Егор Бероев, хоккеист Александр Овечкин ва ғайра дар қатори видоъкунандагон буданд.
Жанна Фриске соли 1996 миёни алоқамандонаш дар ҳайати гурӯҳи созию овозии "Беҳтаринҳо" (Блестяшие) машҳур гардид. Шӯҳрати ӯ ҳамарӯза дар саросари Русия боло мерафт. Жанна ба ғайр аз ин, дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, дар филмҳои "Дидбони шаб" (Ночной дозор), "Дидбони рӯз"(Дневной дозор) ва "Мардҳо дар бораи чӣ мегӯянд" (О чем говорят мужчини) нақш бозидааст. Фриски соҳиби фарзанди яксола буд.
Солҳои ахир сароянда аз бемории саратони майнаи сар ранҷ мебурд ва зимни як аксия барои муолиҷаи Жанна Фриске бо ибтикори шабакаи аввали телевизиони Русия ва Русфонд 68 миллион рубл ҷамъ шуд. Ин маблағ бештар аз он маблағе буд, ки ҷиҳати табобати сароянда зарур буд.Қисме аз ин пулҳо барои муолиҷаи атфоли гирифтор ба саратон ирсол гардид. Худи овозхон бошад, дар Ню-Йорк таҳти муоинаи пизишкон қарор дошт.
Жанна дар синни 41-солагӣ аз дунё даргузашт.