Дар Хуҷанд бонкдорони аслии кишварҳои узви СИАО гирдиҳам омаданд

© Sputnik / Фируз УмарзодаПарчами миллӣ дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Парчами миллӣ дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони бонкҳои милии кишварҳои узви СИАО барои баррасии масоили вазъи иқтисодии ба амаломада ва иқдомоти рафъи онҳо барои дастрасии вазъи мӯътадили молӣ гирдиҳам омаданд.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони иқтисодии АвруОсиё (СИАО) дар шаҳри Хуҷанд барои баррасии равандҳои ахир дар арсаи иқтисод ва молиёт гирдиҳам омадаанд, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар миёни ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои раҳбарони бонкҳои марказии СИАО раҳбари Бонки марказии Русия Элвира Набиулина, Бонки милии Белорус Павел Калаур, Бонки миллии Қазоқистон Кайрат Келимбетов, Бонки милии Қирғизистон Толкунбек Абдигулов ва Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳастанд. Ҳамчунин дар кори ҷаласа раҳбарони Бонки Аврупоии рушд ва тавсеъа (БАРТ) ва Бонки байнидавлатии ИДМ ширкат доранд.

"Интизор меравад, ки ширкаткунандагони ҷаласа қабл аз ҳама масоили дастгири арсаи бонкдорӣ ва таъмини устувории молии кишварҳои СИАО-ро баррасӣ карда гузориши пажӯҳиши қурби асъори миллӣ шунида иқдомот барои беҳбуди вазъи бозори арзии кишварҳои узви созмонро матарҳ мекунанд", — омадааст дар хабар.

Гузориш шудааст, ки ҷаласа кори худро ду рӯз идома дода бо имзои санади ҳусни тафоҳуми умумӣ анҷом меёбад.

Ҳадафи ин Шӯро ҳамоҳангии бонкҳои марказиву миллӣ дар масоили низомҳои арзиву молӣ ва бонкдорӣ, тавсеъаи равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи доду ситад ва масоили дигари созишномаи таъсиси шӯро дар чаҳорчӯби салоҳияти ширкаткунандагон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0