ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Фаъолони дифоъи ҳуқуқи инсони Тоҷикистон барои даъватшудагон ба суфуфи артиш ва наваскарон замимаи мобилӣ таҳия кардаанд, хабар додааст созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар сафҳаи худ дар Facebook.
Замима бар пояи барномаи Android аз сӯйи кормандони созмони ҷамъиятие таҳия шудааст, ки коршиносони арсаи ҳимояи ҳуқуқи ин гурӯҳи ҷамъият дониста мешаванд, омадааст дар хабар.
Дар ин замима, ки "Даъватшуда" ном дорад, чаҳор китоб ҷой дода шудааст. Инҳо "Китоби кисагии даъватшуда" ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, "Китоби сарбоз" ба забони тоҷикӣ ва санади қавоиди сабти номи низомиён мебошанд.
Замимаи мобилӣ ҳамчунин имкони машваратҳои ройгони коршиносони созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башари ҷумҳуриро дар ихтиёр дошта шумораи тамос бо онҳо тавассути "хати сурх"-ро низ ба ҳамроҳ аст.