ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Идораи муҳоҷирати Русия аз авоили соли ҷорӣ ба 755 ҳазор нафар атбоъи хориҷӣ муҷҷавизи кор ироъа ва ба ин тартиб ба будҷаи кишвар ҳуддуи ҳашт миллиард рубл ворид кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбӯъотии ин ниҳод.
"Дар соли 2015 аллакай 755 ҳазор муҷҷавизи кор таҳия шуда ба будҷа ҳудуди ҳашт миллиард рубл ворид шуд. Аз соли 2010 дар маҷмӯъ беш аз 6,5 миллион иҷозаи кор дода шудааст, ки ба будҷа ҳудуди 45 миллиард рубл суд овардааст", — омадааст дар хабар.
Дар ин ниҳод ёдовар шуданд, ки муҷҷавизи кор соли 2010 пайдо шуда судмандии худ барои кори ашхоси воқеъиро собит кард ва аз моҳи январи соли 2015 ба муҷҷавизи воҳиди корӣ табдил шуд.
Ҳамакнун атбоъи хориҷӣ аз кишварҳои бидуни муқаррароти раводид тавассути он метавонанд дар ширкатҳои ҳуқуқӣ ва инфиродӣ барои худ иштиғол пайдо кунанд. Таъкид шудааст, ки ин амр имкон дод, ки наҳваи қонунӣ шудани муҳоҷирони корӣ ва ҳамзамон ташдиди масъулият барои нақзи муқарраротро ба даст оварад.