ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Аснои як амалиёти вижаи кормандони милиса дар Душанбе 11 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шахсе бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа дастгир гардид.
"Дар вақти кофтуков аз сокини 29-солаи ноҳияи Панҷ 3 кг 990 г маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд манбаъ.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аснои баргузории амалиёти фаврии мақомот дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 килою 110-грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби кормандони милиса муомилоти ғайриқонунии 11 килою 100 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш пешгирӣ гардид.