Муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Москав аз муҳоҷирон “санҷиш” қабул мекард

© Sputnik / Александр Уткин / Гузариш ба медиабонкИФМ Русия. Акс аз бойгонӣ
ИФМ Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷири ғайриқонунии корчалон дар назди истгоҳи метро худро афсари ИФМ муъаррифӣ карда барои дарёфти асноди иҷозатнома кӯмаки худро пешниҳод мекард, вале бо далоили шаъйӣ боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Осиёи Марказӣ, ки бо либоси униформи афсари Идораи федероли муҳоҷирати Русия "иҷозатномаҳои" тақаллубиро ба фурӯш гузошта, аз фанни забони русӣ "санҷиш қабул мекард", дар Москав боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии пулиси пойтахти Русия.

Боздоштшуда кӯмакҳои худро дар назди истгоҳҳои метро пешниҳод мекард ва барои "эътимод" аз ҳуҷҷати тақаллубии кормани ИФМ ва униформ истифода мекард, ҳарчанд ба ин ниҳод ҳеҷ иртиботе надошт.

"Мушшахас шуд, ки муҳоҷири қаблан маҳкумшудаи 21 сола худро корманди ИФМ муъаррифӣ карда ба атбоъи хориҷӣ барои таҳияи иҷозатнома ва дарёфти санади донистани забони русӣ кӯмаки худро пешниҳод мекард. Барои мусоъидати худ панҷ ҳазор рубл дархост мекард. Дар тӯли як моҳ ҳадди ақал ба 10 нафар атбоъи хориҷӣ "кӯмак" кардааст", — хабар доданд дар пулис.

Корманди тақаллубии ИФМ дар хиёбони Широкая ҳангоме боздошт шуд, ки талош мекард асноди тақаллубии навбатиро ба фурӯш гузорад. Алайҳи вай тибқи моддаи Қонуни ҷиноии ФР "Таҳияи асноди тақаллубӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0