Овозхон Жанна Фриске дар 41-солагӣ аз олам даргузашт

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЖанна Фриске. Акс аз бойгонӣ
Жанна Фриске. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи шинохтаи рус, ки беш аз як сол аз бемории сангин ранҷ мебурд, аз олам даргузашт. Хабари марги ӯро падараш таъид кард.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Сарояндаи машҳури Русия Жанна Фриске, ки гирифтори маризии саратон буд, аз олам даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба падари ӯ Владимир Фриске.

Хабари фавти Фриске шаби сешанбе расонаӣ шуд.

Аввали соли гузашта дар бораи ба саратони майнаи сар гирифтор шудани овозхон иттилоъ расида буд. Моҳи январи соли 2014 шавҳари Фриске, муҷрии телевизион Дмитрий Шепелев расман онро тасдиқ кард.

Тайи муддати кӯтоҳ барои муолиҷаи Жанна Фриске бо ибтикори шабакаи аввали телевизиони Русия ва Русфонд 68 миллион рубл ҷамъ шуд. Ин маблағ бештар аз он маблағе буд, ки ҷиҳати табобати сароянда зарур буд. Қисме аз ин пулҳо барои муолиҷаи атфоли гирифтор ба саратон ирсол гардид. Худи овозхон бошад, дар Ню-Йорк таҳти муоинаи пизишкон қарор дошт.

Жанна Фриске соли 1996 миёни алоқамандонаш дар ҳайати гурӯҳи созию овозии "Беҳтаринҳо" (Блестяшие) машҳур гардид. Шӯҳрати ӯ ҳамарӯза дар саросари Русия боло мерафт. Жанна ба ғайр аз ин, дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, дар филмҳои "Дидбони шаб" (Ночной дозор), "Дидбони рӯз"(Дневной дозор) ва "Мардҳо дар бораи чӣ мегӯянд" (О чем говорят мужчини) нақш бозидааст. Фриски соҳиби фарзанди яксола буд.

Лентаи хабарҳо
0