ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Иҷрои тавофуқоти байналмиллалии имзошуда дар дидори раиси вилояти Иваново Павел Конков бо муъовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода баррасӣ шудааст, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати Иваново.
Дар хабар омадааст, ки вилояти Хутлон, бузургтарин минтақаи Тоҷикистон, ҳамчунон содиркунандаи аслии нахи панба барои корхонаҳои нассоҷии вилояти Иваново боқӣ мондааст.
"Баҳодурзода дар ҷараёни дидор пешниҳод кард, ки дар қаламрави вилояти Иваново маркази тиҷорати пахтаи тоҷик таъсис дода шавад ва ин пешниҳод аз сӯйи Конков ҷонибдорӣ шуд", — гуфтанд дар раҳбарияти вилояти Иваново.
Раиси вилояти Иваново ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷараёни музокироти расмӣ дар Тоҷикистон тоҷирони Ивановоаз кӯч додани таҷҳизоти тавлидотии аз фаъолият бозмонда ба қаламрави ҷумҳурӣ изҳори алоқамандӣ карданд.
"Дар минтақа тавлидоти муосири нассоҷӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо ба далели гаронии қиммати нахи панбаи Ӯзбекистон бархе аз ин таҷҳизот аз фаъолият бозмондааст. Мо мутмаъин шудем, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди коркарди муқаддамотии нассоҷӣ дар қаламрави худ аст. Ба ин далел ин арсаи фаъолият умедворкунанда аст", — гуфт вай.
Ҷониби Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард, ки на танҳо дар бахши нассоҷӣ, балкӣ дар воридоти мошинолот, аз ҷумла мошинҳои бобардор аз вилояти Иваново алоқаманд мебошад.
Қарордоди миёни вилоятҳои Хатлон ва Иваново аз моҳи октябри соли 2014 мавриди иҷро қарор гирифтааст ва дар он ҷонибҳо 16 арсаи ҳамкориро мушшахас кардаанд.