КБО ба варзишгарони Тоҷикистон дастӣ ёрӣ дароз мекунад

© Официальная страница президента РТ в FacebookВарзишгарони тоҷик дар бозиҳои Олимпии Сочӣ. Акс аз бойгонӣ
Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои Олимпии Сочӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиёба Кумитаи милли олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ кӯмак хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Рӯзи душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва роҳбари Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии райисҷумҳур.

"Дар нишаст масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, баррасӣ шуд",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд.

"Доир ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар марҳилаи аввал сохтмони 5 адад чунин марказҳо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мувофиқи матлаб аст",- омадааст дар хабар.

Меҳмонон  изҳор доштанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи милли олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносойӣ бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани идрорпулиҳо ба варзишгарони умедбахш дасти кӯмак дароз хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0