ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвора ва озмуни ҷумҳуриявии гурӯҳҳои театрии "Парасту-2015" дар театри давлатии академиявии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Дар соли ҷорӣ ҷашнвораи "Парасту" ба 100 солагии ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст.
Дар ин ҷашнвора 15 дастаи ҳунарии театрии ҷумҳуриявӣ ширкат мекунанд, ки беҳтарин осори таҳиякардаи худ дар солҳои 2013-2014 ба марази тамошочиён пешниҳод мекунанд. Интихоби намоишномаҳо ба дӯши худ ҳунармандон вогузор шудааст.
Намоишномаи нахустини ҷашнвораро ҳунармандони театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд муъаррифӣ карданд. Ҳунармандони театри хуҷандӣ намоишномаи "Бухорои Шариф", ки бар пояи осори Садриддин Айнӣ таҳия шудааст, намоиш доданд.
"Ман лаҳзае зери эҳсосот қарор афтодам, ки дар нақши Садриддин Айнии ҷавон ва Айнии куҳансол ҳунарманд Асрор Камолиддинов марсияи ӯро қироъат кард — "Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод". Ашк аз чашмон бирехт ва натавонистам эҳсосоти худро ба даст бигирам", — гуфт ҳунарманди театри ба номи Камол Хуҷандӣ Анис Ғоибов.
Ба гуфтаи Ғоибов, ҳарчанд лаҳзае шуд, ки бахше аз тасовир фаъол нашуд, вале онҳо тавонистанд эҳсосоти шодиву шигифтзадагии қаҳрамонони худро мунъақис созанд.
"Баумедем, ки ин ноқис дар арзёбии ҳунари мо аз сӯйи ҳакамон асар намегузорад", — зикр кард ҳунарманд.
Акбар Маҳмудов, саррассоми ин театр таъкид кард, ки зимни таҳияи саҳнаи ҳунармандӣ онҳо талош кардаанд, ки вазъ, фарҳанг ва диди он замонро мунъақис созанд.
"То куҷо мо муваффақ шудаем тамошобин қазоват мекунад. Вале фикр мекунам мо то андозае тавонистем муҳити он замон, душвории равобити мардум бо атрофиён, ба шахсияти худ ва фоҷеъаи инсон, вақте ки вай чандон озод нест ва нукоти зиёде аз бархурди амирони он замон бастагӣ дошт, мунъақис созем", — изҳор дошт вай.
Маҳмудов зикр кард, ки куллияи тасовири саҳна то ҷузъиёти охиранаш дар Хуҷанд тавлид шудаанд. Таваҷҷӯҳи аслӣ ба манораҳо шудааст, зеро онҳо шавоҳид ва пайёмбарони куллияи ҳаводиси он замон дониста мешаванд.
"Барои чӣ мо ин намоишномаро интихоб кардем? Фикр мекунам мо ҳамеша бояд ба ақаб нигаҳ кунем, то тавонем худро дарк созему арзёбӣ кунем ва бифаҳмем, ки мо кӣ будему ҳоло кистем. Ва маҳз аз чунин осори гузаштагон ба бештаре аз суолоти худ посух биҷӯем. Ва шояд то ҷое дарси хубе ҳам ба даст оварем", — таъкид кард Маҳмудов.
Дар таърихи ҷашнвораи театрии "Парасту" барои бори нахуст арзёбии намоишномаҳоро муннақидони хориҷӣ ва коршиносони театрӣ аз Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳанд. Худи ҷашнвора 19 июн ба итмом мерасад.
Мубтакирон таъкид мекунанд, ки ин ҷашнвора бо ҳадафи рушди драмматургияи миллӣ, ҳунари театрӣ, муъаррифии намоишномаҳои ҷадид, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва тақвияти ҳуввияти миллӣ тарбия мекунанд, баргузор мешавад.
Ҷашнвора-озмуни театрҳои ҳирфаии "Парсту" дар Тоҷикистон аз соли 1988 бад ин соле як маротиба дар ду сол баргузор мешавад. Ҷашнвораи ахир соли 2013 ба манзури гиромидошт аз 100-мин солгарди ҳунарманди мардумӣ София Тӯйбоева баргузор шуда буд.
Ин ҷашнвора бо пуштибонии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Комитети телевизион ва радиошунавоии назди ҳукумати Тоҷикистон, Комитети умури ҷавонон ва варзиш, Комитети адён ва ниҳодҳои дигар баргузор мешавад. Баргузории ин ҷашнвораро дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейтсария, ширкати "Рухом" ва "Умед-88" сармоягузорӣ кардаанд.